Вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷаноби Десмонд Свейн рӯзи 15 феврал бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрии рӯзи 4 феврал бо журналистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор дошта буд, ки барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 ба сифати қарзи имтиёзнок Британияи Кабир 31 млн. фунт стерлинг ҷудо кардааст. Ғайр аз ин, соли гузашта барои эҳтиёҷоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Британияи Кабир ба сифати кумак 18 автомашинаи боркаш тақдим намудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз 15 то 19 феврал ҳамчунин сафари кории ҳокими вилояти Қазоқистони Шарқии Ҷумҳурии Қазоқистон Даниал Аҳмедов ба Тоҷикистон низ дар назар аст.



