Озмуни шаҳрдории пойтахт барои ишғоли вазифаи сардори МД «Оромгоҳҳо»



Мақомоти

шаҳрдории Душанбе

оид ба ишғоли вазифаҳои роҳбарони Раёсатҳои кор бо занон ва оила, рушди иқтисод ва савдо ва сардори  Муассисаи давлатии Раёсати «Оромгоҳҳо» озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, озмун то 9 март идома ёфта, на дертар аз 12 марти соли равон натиҷаҳои он ҷамъбаст мешаванд.

Гуфта мешавад, довталабон бояд ҳатман маълумоти олии  касбӣ дошта,  ба довталабоне, ки донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва ё хориҷи кишварро хатм намуда, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад.

Зимнан зикр мегарда, ки ба ишғоли вазифаҳои роҳбарони Раёсатҳои кор бо занон ва оила ва ҳамчунин рушди иқтисод ва савдо шахсони синни то 40-сола довталабӣ карда метавонанд.

spot_imgspot_img

Популярное