Ҷаласаи Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону ИА дар Брюссел



Ба муносибати ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки санаи 16 феврал дар Брюссел доир мегардад, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич бо намояндагони васоити ахбори умум мулоқот кард.

Ҳидает Бишчевич изҳор дошт, ки қаблан бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сирҷиддин Аслов мулоқот доштааст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раҳбарӣ мекунад. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро вазири корҳои хориҷии Голландия Берт Кундерс сарварӣ хоҳад кард. «Дар доираи сафар ба Брюссел Сироҷиддин Аслов бо Намояндаи олии ИА Федерика Могерини дидору гуфтушунид мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи сафири ИА, дар ҷаласа ба масоили амнияти минтақавӣ, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. «Мо дарк мекунем, ки масоили амният омили муҳим аст ва рӯйдодҳои минбаъда комилан ба онҳо вобастаанд», – қайд кард номбурда.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар ҷаласа ҷонибҳо оид ба баргузор кардани марҳилаи дуюми гуфтушунидҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва муколами сатҳи баланд оид ба масоили амният тавофуқ ҳосил хоҳанд кард.

«Тоҷикистон кишвари таъминкунандаи суботу амният дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Шоёни диққат аст, ки ин вохӯрӣ баъди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ИА ва дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад. Стратегияи ИА дар муносибат бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то соли 2020 пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид мебояд кард, ки имсол Иттиҳоди Аврупо тарзи корбарии худро тағйир дода, бо ҳар кадоме аз кишварҳо масъалаҳоро ҷудогона ҳаллу фасл мекунад», – афзуд Ҳидает Бишчевич.

spot_imgspot_img

Популярное