Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи 3 март дар шаҳри Душанбе даъват шудани иҷлосияи навбатии панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшударо баррасӣ ва тасдиқ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия баррасии қарори ҳукумат дар бораи тағйири номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии кишвар низ дар назар аст, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон 1 феврал пешниҳод гардида буд,
Ёдрас мекунем, ки тағйири номи як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи зайл пешниҳод шудааст:
Ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор;
Ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор;
Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш;
Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
Ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ;
Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун;
Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
Шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон;
Шаҳри Чкаловск – шаҳри Бӯстон;
Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич;
Обанбори Қайроққум – обанбори Баҳри тоҷик.
Зикр гардид, ки дар иҷлосия прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар бораи вазъи риояи қонуният давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳисобот медиҳад.
Ҳамчунин қайд шуд, ки дар иҷлосия доир ба қатъи ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода, ки раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуд, қарор қабул мешавад.





