Дар моҳи аввали сол ба буҷет қариб 130 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд



Дар моҳи аввали соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз нақша қариб 130 млн. сомонӣ (ҳудуди 17 млн. $ бо қурби имрӯза) камтар маблағ ворид шуд.

Бино ба маълумоти фавии Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми умумии буҷет дар моҳи январи соли ҷорӣ 926,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки ҳамагӣ ба 87,7%-и нишондиҳандаи нақша баробар аст.

Тӯли 11 моҳи соли гузашта ҳаҷми камбуди воридшавии маблағҳо тибқи нақша ба буҷет 3-4%-ро ташкил медод, вале дар моҳи охири соли 2015 ба мақомоти молия муяссар шуд, ки нақшаи буҷетро 0,5% барзиёд ба иҷро расонанд. Баъдан маълум шуд, ки ба ин кор воситаҳои Бонки осиёгии рушд кумак кардаанд.

Зимни нишасти хабарии аввали моҳи феврал муовини авали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки ахири соли гузашта барои дастгирии буҷети ҷумҳурӣ БОР дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки 53,4 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ва 6,6 млн. доллари ИМА ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод гардида, боз Иттиҳоди Аврупо низ 6 млн. евро ихтисос дод.

«Сустшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба кам шудани воридшавии воситаҳо ба буҷети ҷумҳурӣ боис гардид», – карда буд муовини вазир.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст. Дар Вазорати молия ният доранд, ки аз 3,3 млрд. сомонии зиёдтар пешбинишуда ҳудуди 1,5 млрд. сомониашро аз ҳисоби грант ва қарзҳои хориҷӣ дастрас намоянд. 

spot_imgspot_img

Популярное