Ҳалокати 140 нафар бар асари силсилатаркишҳо дар Сурия



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқи Сурия силсилатаркишҳо рух доданд, ки теъдоди қурбониёнашон ба 140 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба BBC News хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, чор таркиш дар маҳаллаи шиамазҳабони Саида Зайнаби Димишқ рух додааст, ки дар натиҷа 83 нафар фавтида, 178 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.Ҳамчунин, дар шаҳри Ҳумс бар асари таркиши ду мошини бомбанасбшуда, 57 нафар ҳалок гардида, беш аз 100 каси дигар захмӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтааст.

spot_imgspot_img

Популярное