Таронаи тоҷикии «Ситораи ман» дар иҷрои сарояндаи гурҷӣ



Овозхони гурҷӣ ва русиягӣ Этери Бериашвили суруди Муқаддас Набиева «Ситораи ман»-ро ба иҷро расонд. Шеър аз Мирзо Турсунзода буда, онро Зиёддулло Шаҳидӣ ба оҳанг даровардааст.

Муқаддас Набиева ин сурудро дар солҳои 70-уми асри гузашта мехонд. Ҳозир бошад, сарояндаи гурҷӣ ин таронаро таҳти раҳбарии набераи З.Шаҳидӣ – продюсери русиягӣ Табриз Шаҳидӣ сурудааст.

spot_imgspot_img

Популярное