Дар шаҳри Душанбе конфронси солонаи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳои Тоҷикистон (ПШИЧ) баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти шабака дар соли 2015 ва масоили идоракунии устувори чарогоҳҳои кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре аз Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) хабар доданд, конфронсро бо суханони муқаддимавӣ муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯсоев Нусратулло ва намояндаи Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) Клаудия Халлер оғоз намуданд.
Директори муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Сафаралӣ Назаров ба иштирокчиёни конфронс оид ба вазъи кунунии идоракунии чарогоҳҳо маълумот дода, онҳоро бо “Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” шинос намуд.
Барномаи мазкур ноябри соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи чарогоҳҳо ва зиёд намудани захираҳои хӯроки чорво тасдиқ шуда буд.
Аъзоёни ПШИЧ – лоиҳаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Оҷонсии Швейсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, AKTED ва CARITAS – фаъолияти худро дар самти идоракунии устувори захираҳои заминӣ, чарогоҳҳо ва инчунин рушди деҳот рӯнамоӣ намуданд.
Намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Ивона Пеховяк оид ба фаъолияти Маркази донишомӯзии чорводории Осиёи Марказӣ маълумоти муфассал дод.
Иштирокчиёни конфронс бо фаъолияти ПШИЧ дар соли 2015 ва нақшаҳои ояндаи он шинос шуда, масоили беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии шабака ба аъзоёни онро муҳокима карданд.
Ҳамчунин дар конфронс фаъолияти Шабакаи минтақавии чарогоҳҳо барои Осиёи Марказӣ рӯнамоӣ гардид. Ғайр аз ин, дар доираи конфронс намоишгоҳи аудиовизуалӣ дар мавзӯи “Вазъи гендерӣ ва нақши занон дар идоракунии чарогоҳҳо ва чорводорӣ” ташкил карда шуд.
Конфронси солона аз ҷониби котиботи шабака – Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ташкил карда шуд.
Аз соли 2013 ПШИЧ ҳамчун платформаи шабакаи ғайрирасмӣ шахсони таҷрибадор, ки ба идоракунии чарогоҳҳо машғуланд, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ноҳиявӣ ва миллӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорӣ, мутахассисони чарогоҳ ва тадқиқотчиёнро муттаҳид месозад.
Ҳадафи асосии ПШИЧ мусоидат кардан ба идоракунии устувори чарогоҳҳои табиии Тоҷикистон мебошад, ки ин дар баробари аз нав барқарор кардани экосистемаҳои чарогоҳҳои табиӣ асоси рушди иқтисодии деҳот ба ҳисоб меравад. Ин ҳадаф тавассути мусоҳибаи миллӣ, мубодилаи донишу таҷриба ва дар асоси таҷрибаҳои амалии аъзоёни шабакаи идоракунии чарогоҳҳо пайгирӣ мешавад.





