Ҷашни касбии олимони тоҷик дар Академияи илмҳо



Рӯзи 12-уми апрели соли 2016 дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни касбии олимони тоҷик “Рӯзи илм маҷлиси тантанавӣ ” баргузор гардид, ки дар он аъзои АИ ҶТ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.

Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуотии АИ ҶТ хабар дод, ки пеш аз оғози маҷлис олимон бо сарварии президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

Дастовардҳои илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ дар саҳни бинои Раёсати АИ ҶТ намоиш дода шуд.

Маҷлисро президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ бо сухани табрикотӣ бахшида ба “Рӯзи илм” оғоз намуда, ҳамаи ҳозиринро аз номи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шахси онҳо тамоми олимони ҷумҳуриро ба ҷашни касбии олимони кишвар “Рӯзи илм” самимона табрик кард ва ба онҳо тансиҳативу хушбахтӣ, хушрӯзиву пирӯзӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиашон илҳоми тозаи эҷодӣ ва кашфиёти нави илмӣ таманно намуд.

Аз ҷумла зикр кард, ки дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илм бо ташаббус ва сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти афзалиятнок эълон гардидааст. Пурмаҳсул гардонидан ва тақвият бахшидани фаъолияти маркази асосии илми тоҷик – Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин сиёсат сарчашма гирифта, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардидаст.

Давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  чанд  соли охир корҳои илмию таҳқиқотии худро аз рӯйи 60 мавзӯи бунёдӣ ва 45 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм – математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт ва демография натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварданд, қайд намуд президенти АИ ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ.

Сипас, ба олимоне, ки дар соли 2016 соҳиби ҷоизаҳои АИ ҶТ ба номи олимони барҷаста гардидаанд, дипломҳо супорида шуданд.

Бо қарори Комиссияи ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳдои ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илм ва техника ва қарори Раёсати АИ ҶТ олимони зерини ҷумҳурӣ соҳиби ин ҷоизаҳо гардиданд:

Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У.Умаров ба Сафиев Ҳайдар барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Асосҳои физикӣ – химиявии коркарди ашёи хоми гилхокдори маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот”; Бобоев Хоҷаназар барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Асосҳои физикӣ – химиявии коркарди ашёи хоми гилхокдори маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот”; Рӯзиев Ҷӯра барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Асосҳои физикӣ – химиявии коркарди ашёи хоми гилхокдори маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолот”; Зулфонов Сулаймон Зулфонович барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Такмилдиҳии раванди технологии коркард ва ноҳиябандии навъҳои нави селексионии пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Сафаров Фузайл Метинович барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Такмилдиҳии раванди технологии коркард ва ноҳиябандии навъҳои нави селексионии пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Иброҳимов Холназар Исломович барои силсилаи мақолаҳои илмӣ дар мавзӯи “Такмилдиҳии раванди технологии навъҳои нав ва ноҳиябандишудаи селексияҳои пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Е.Н.Павловский ба Ақназаров Оғоназар барои силсилаи корҳо дар мавзӯи “Омӯзиши таъсири нурҳои ултрабунафш ба расиш ва ҳосилнокии растаниҳои баландкуҳи Помир”; Хабиров Замониддин барои силсилаи корҳо дар мавзӯи “Хомӯшакҳои хунмаки Тоҷикистон (diptera, ceratopodonigae)”.

Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ барои силсилаи корҳо дар мавзӯи “Фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ”.

Сипас, ба ректорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо иштироки фаъолона дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми АИ ҶТ” дипломҳо супорида шуданд.

Ҳамчунин 10 нафар олимони АИ ҶТ барои дастовардҳои назарраси илмӣ бо “Ифтихорномаи АИ ҶТ” қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ – Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бобоев Хоҷаназар – профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ; Ақназаров Оғоназар – академики АИ ҶТ ва Ахмедов Саидилҳом Мухторович – ноиби президенти Академияи илмoои тиббии Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное