Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия



Дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия рӯзи 19 апрели соли 2016 миёни Сарраёсатҳои консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати консулӣ Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафир Баҳром Холназаров ва сардори Сарраёсати консулӣ Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафир Меҳмет Самсар машварати навбатии консулӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни машварати консулӣ роҳбарони бахши консулӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ёрии ҳуқуқӣ ва  вазъи ҳуқуқи шаҳрвандонро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, инчунин ҷонибҳо ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкории байниидоравӣ дар самти муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм  мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное