Президент Хонаи афсарони артишро ба истифода медиҳад



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, рӯзи 5 май дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои Хонаи афсарони артиши миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе иштирок мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар маросими мазкур ҳамчунин муовини сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши халқии озодибахши Чин генерал-полковник Сюй Фэн Лин низ ҳузур хоҳад дошт.

Қобили зикр аст, ки сохтмони Бинои панҷошёнаи афсарон барои артиши Тоҷикистон моҳи июни соли 2012 оғоз гардида, барои сохтмон ва таъмини он бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ Чин ба сифати грант 100 млн. юан (15 млн. $) ҷудо карда буд.

spot_imgspot_img

Популярное