Боздиди вазири корҳои дохилӣ аз зиндоне, ки маҳбусон кӯшиши фирор карда буданд

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд, ки рӯзи 17 июн се тан аз маҳбусон аз он кӯшиши фирор карда буданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамзамон вазир […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздид намуд, ки рӯзи 17 июн се тан аз маҳбусон аз он

кӯшиши фирор

карда буданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳамзамон вазир аз қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлияи Тоҷикистон боздид ба амал оварда, аз рафти хизматбарӣ, шароити зист, хӯрока, сару либоси сарбозон ва ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардид.

Аз ҷониби Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба сарбозони қисми ҳарбии мазкур сару либос, пойафзол (берси), маводи хӯрокворӣ, гушт ва як сар чорвои калони шохдор кӯмак расонида шуд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ин радиф ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру азнавсозӣ ба Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, шағал ва дигар маводи зарурӣ ёрии амалӣ расонид.

Ҳамчунин ба Муассисаи мазкур таҷҳизоти техникии ҳозиразамон, дурбини мушоҳидавии шабона ва муқаррарӣ барои пеш бурдани хизмат тақдим карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.