Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳангоми ҷанги шабона корвони шартии ҳамлу нақли аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро нобуд карданд.
«Ҳарбиён дар хатсайри ҳаракати «ҷангиён» камин гирифта, бо аз кор баровардани автомашинаҳои ҷипи аввал ва охир гурӯҳи ҷинояткоронро нобуд сохтанд. Дар ин амалиёти шабонаи тамринӣ ҳудуди 150 нафар низомиён иштирок карданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» ёвари фармондеҳи қушӯнҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Ярослав Рошупкин.
Қобили зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз иншооти бузургтарини ҳарбии кишвар дар қаламрави берун аз Русия маҳсуб меёбад. Ҷузъу томҳои пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа мустақар мебошанд. Мувофиқи созишномаи моҳи октябри соли 2012 баимзорасида, муҳлати ҳузури пойгоҳ дар Тоҷикистон то соли 20142 муқаррар шудааст.