Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад;

– Дар майдони 800-солагии Маскав (назди Театри опера ва балет) Рӯзи байнулмилалии мусиқӣ ҷашн гирифта мешавад. Оғоз соати 17:00;

– Донишгоҳи федералии шимолӣ (Арктикӣ)-и ба номи М.В.Ломоносов (ш.Архангелск) довталабонро ба маросими муаррифӣ ва тестгузаронии аайёр аз 20 то 23 июни соли 2017 даъват мекунад. . Макони баргузории тест: ш.Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (Маркази илму фарҳанги Русия).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8200 сомонӣ;

1 евро – 9.8396 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1468 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1992 – Дар ноҳияҳои Вахш ва Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа задухӯрдҳои нахустини мусаллаҳона сурат гирифтанд, ки ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон замина гузоштанд.

2012 — Дар вилояти Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистони машғули савдо дар бозори «Равоти кабуд» гаравгон гирифта шуданд.

2016 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти нахустин гипермаркети «Ашан» дар Осиёи Марказӣ ҳусни оғоз бахшид.

1902-1985 – Зодрӯзи рассом, Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Юсуф Рауфӣ.

1932-1996 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Юсуф Исҳоқӣ.

1941-1999 – Зодрӯзи оҳангсоз Маҷнун Баротов.

1950 — Мавлуди рӯзноманигор Турко Дикаев.

1954 – Зодрӯзи журналист, сардабири рӯзномаи «ВиД» Баҳодур Зоҳиров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +40+42.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +28+30.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...