Маҳви 2 қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон,  ҳангоми гузаронидани амалиёт дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба […]

Шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон,  ҳангоми гузаронидани амалиёт дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат намекунанд ва  байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст.

«Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ ва муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуданд ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд», – омадааст дарм аълумоти Сарраёсат.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқбар, 21 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш”, 2 адад яроқи оташфишони АКМ бо 10 адад тирдону 235 дона тири 7,62 ва 2 адад норинҷак бозёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.