Ҳукми шарики қотили духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода бетағйир боқӣ монд

Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари падари Раҳимҷон Комилови 18-сола оид ба ҳукми содиршуда нисбати писарашро, ки дар қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода шарикӣ дошту ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, қонеъ накарда ҳукмро қонунӣ арзёбӣ намуд. Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов дар ин робита иттилоъ дод, суд ҳукм нисбати айбдоршаванаро қонунӣ шуморида, шикоят […]

Суди олии Тоҷикистон шикояти таҷдиди назари падари Раҳимҷон Комилови 18-сола оид ба ҳукми содиршуда нисбати писарашро, ки дар қатли духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода шарикӣ дошту ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд, қонеъ накарда ҳукмро қонунӣ арзёбӣ намуд.

Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов дар ин робита иттилоъ дод, суд ҳукм нисбати айбдоршаванаро қонунӣ шуморида, шикоят беасосро донист ва қарори суди зинаи аввал бетағйир боқӣ гузошта шуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 28 апрели соли равон Суди олии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Турсунзода – Абдулқосим Норматови 18-сола ва шарики ӯ Раҳимҷон Комилови 18-соларо дар ҷинояти куштори духтари 16-сола Нозима Исомиддинова айбдор дониста, ташкилкунандаи асосӣ ва иҷрокунандаи куштор –  Абдулқосим Норматов ба 10 соли зиндон ва шарики ӯ – Раҳимҷон Комиловро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ба муҳлати кам маҳкум шудани ҷинояткори асосӣ бо он асоснок шуда буд, ки замони содир шудани ҷиноят Норматов ноболиғ буда, танҳо баъди 13 рӯзи ҷиноят ба синни балоғат расид, вале синни ҳаммаслакаш Комилов аллакай ба 18-солагӣ расида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.