Имтиёзи «Сомон Эйр» барои сафарҳои футболбозони тоҷик

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 19 июн бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои сафарҳои футболбозони тоҷик имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд. «Шарики ФФТ шудан барои мо ифтихор буда, ширкати мо барои харидории билетҳои ҳавопаймоӣ ба Федератсия, аз ҷумла билетҳо барои мунтахабҳои футболи Тоҷикистон имтиёзҳо медиҳад», – гуфтааст директори тиҷорати […]

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 19 июн бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои сафарҳои футболбозони тоҷик имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд.

«Шарики ФФТ шудан барои мо ифтихор буда, ширкати мо барои харидории билетҳои ҳавопаймоӣ ба Федератсия, аз ҷумла билетҳо барои мунтахабҳои футболи Тоҷикистон имтиёзҳо медиҳад», – гуфтааст директори тиҷорати ширкат Абдулқосим Валиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ширкати «Сомон Эйр» мудом ба варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ кумак мекунад. Шартнома бо ФФТ бемуҳлат ба имзо расида, ҳар сол бозбинӣ мешавад.

Дар навбати худ ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев изҳор намудааст, ки барои мухлисони хоҳишманди дастгирии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар роҳандозии хатсайри ҷудогона (чартерӣ) ташкил карданианд.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯраев доир ба имкони хуби ташкили сафари кӯдакон ба мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба туфайли имзои ин шартнома ва нақшаҳои роҳандозии хатсайрҳои чартерӣ барои дастаҳои мунтахаби футболи кишвар маълумот дода, қайд кардааст, ки ин масъала мавриди гуфтушунид ва ҳаллу фасл қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.