Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад;

– Дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) дар мавзӯи ҳифз ва нигаҳдории бабрҳои барфӣ бо иштироки актёри Голливуд Леонардо ди Каприо Форуми байнулмилалӣ доир мегардад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд;

– Аз 23 август то 1 сентябр дар Донишкадаи такмили ихтисоси Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон маросими қабул ба курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои миёнаи таҳсилашон бо забони русии Тоҷикистон барпо мешавад;

–  Дар Душанбе мусобиқаи теннис миёни наврасони 14-16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 27 август идома ёфта, дар он варзишгарони Тоҷикистон, Русия, Украина, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркия иштирок мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8080 сомонӣ;

1 евро – 10.3600 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1461 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 – ИҶШС ва Олмон Муоҳада дар бораи ҳуҷум накардан ба якдигарро ба имзо расониданд.

1963 – Ифтитоҳи Анҷумани VIII-уми занони Тоҷикистон.

2010 – Аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ 25 нафар боздоштшудагон 5 посбонро кушта, аз маҳбас фирор карданд.

2011 — Аз муассисаи ислоҳии занона дар шаҳри Норак овозхон Фарзонаи Хуршед ба озодӣ баромад.

1870-1945 – Зодрӯзи нависанда Бобоюнус Худойдодзода.

1910 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Николай Волчков.

1913-1985 – Зодрӯзи журналист Яков Налский.

1929-2003 – Мавлуди оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.

1954 – Зодрӯзи футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.

1962 – Мавлуди нависанда Парда Ҳабиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +33+38; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +16+21.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +30+32.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...