ВАО: Шаҳрванди Ӯзбекистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон маҳкум шуд

Зани ӯзбек барои "ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон" 10,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи низомии Ӯзбекистон сокини 36-солаи шаҳри Ширини вилояти Сирдарё Алёна Кимро дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон айбдор ва 10 солу 6 моҳ зиндонӣ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳукм 12 июл содир шуда, вале вакили дифоъ ва наздикони Ким […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Зани ӯзбек барои "ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон" 10,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи низомии Ӯзбекистон сокини 36-солаи шаҳри Ширини вилояти Сирдарё Алёна Кимро дар ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон айбдор ва 10 солу 6 моҳ зиндонӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳукм 12 июл содир шуда, вале вакили дифоъ ва наздикони Ким онро танҳо 21 август расонаӣ карданд.

Ба гуфтаи наздикони маҳкумшуда, Ким ба ҷосусӣ, додани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба намояндаи кишвари хориҷӣ, анҷоми амалҳои душманона зидди давлати худ ва халалдор кардани амнияти кишвар айбдор эълом шудааст.

​Виктория Султонмуродова, хоҳари калонии Ким мегӯяд, мақомоти Ӯзбекистон хоҳарашро барои он ба ҷосусӣ айбдор карданд, ки як муддат дар Тоҷикистон кору зиндагӣ кардааст. "Ӯро дар аввал 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд ва баъди он ки гуфтанд, фаршро бишӯй, нашӯст, муҳлати ҳабсашро дароз карданд", – афзуд Султонмуродова.

Ба гуфтаи вакили дифои маҳкумшуда Надежда Пак, Ким, ки пештар як чанд сол дар бахшҳои Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон кор кардааст, ҳамроҳ бо дугонааш Зуля Ҳалимова ба Тоҷикистон рафта, аз соли 2004 то 2005 дар тарабхонаи "Очил"-и шаҳри Хуҷанд пешхидматӣ карда буд.

Рафтани Ким ба Тоҷикистон мақомоти Ӯзбекистонро нигарон кардааст. Ба гуфтаи Султонмуродова, кормандони ҳифзи ҳуқуқ соли гузашта ҳангоми боздошти дугонаи хоҳараш Ҳалимова дар миёни аксҳои боздоштшуда акси Алёна Кимро дидаанд.

"Ҳангоми бозҷӯӣ Ҳалимова зидди хоҳари ман баёнот дод. Вале бо вуҷуди ин ӯро низ ба ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз айбдор ва 12 сол зиндонӣ карданд", – гуфт Султонмуродова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.