Маркази муҳоҷирати Маскав кабинети шахсии муҳоҷирро фаъол кард

Дар сомонаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав кабинети шахсии муҳоҷири корӣ фаъол шуд, ки натиҷаи кори Маркази мазкур, Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушд ва Департаменти технологияҳои иттилоотӣ аст. Кабинети шахсӣ воситаи оддӣ ва қулайе мебошад, ба муҳоҷир барои анҷоми корҳои асосии марбут ба дароз кардани муҳлати патент бидуни аз хона берун рафтан, шиносоӣ бо таърихи пардохти […]

Дар сомонаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав кабинети шахсии муҳоҷири корӣ фаъол шуд, ки натиҷаи кори Маркази мазкур, Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушд ва Департаменти технологияҳои иттилоотӣ аст.

Кабинети шахсӣ воситаи оддӣ ва қулайе мебошад, ба муҳоҷир барои анҷоми корҳои асосии марбут ба дароз кардани муҳлати патент бидуни аз хона берун рафтан, шиносоӣ бо таърихи пардохти маблағи он, ҷадвали пардохтҳои минбаъда, тарзи гирифтани расид (квитансия)-и он ва ҳамчунин тариқи онлайн пардохт кардани андоз аз даромад ва дигар амалиётҳо имкону шароит фароҳам меоварад.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати Маскав мунтазам имконоти фосилавӣ барои корбарон зиёд шуда, ба ҷуз «кабинети шахсӣ», дар он аллакай хизматгузориҳои online, аз қабили санҷидани омода шудани патент, пардохти он, огоҳ шудан аз Рақами мушаххаси андозсупоранда ва ғайра амал мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.