Оғози фаъолияти Маркази савдои Ӯзбекистон дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи сипаришуда бо иштироки сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов Маркази савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Шоқосим Шоисломов дар ҷараёни ифтитоҳи ин маркази нахустини савдо дар шимоли мамлакат иброз намуд, ки бо ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  саъю талошҳои […]

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи сипаришуда бо иштироки сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов Маркази савдои Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Шоқосим Шоисломов дар ҷараёни ифтитоҳи ин маркази нахустини савдо дар шимоли мамлакат иброз намуд, ки бо ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  саъю талошҳои муштарак ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо мавриди амал қарор гирифта, Ӯзбекистон ҷонибдори рушду тавсияи ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии ин ду халқи бародар мебошад. «Мутмаъин ҳастем, ки ин ҳамкориҳо дар оянда такмил ёфта, барои иҷрои лоиҳаи ҷадид ҳидоят менамояд», – гфт ӯ.

Муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ин иқдомро ба манфиати мардум арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки мақомоти шаҳри Хуҷанд омода аст, ки бо назардошти анъанаҳои таърихии дӯстии устувор аз ҳама имкониятҳои мавҷуда барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ истифода бурда шаванд.

Баъди ифтитоҳи расмии Маркази савдои Ӯзбекистон сафири, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва ҳайати меҳмонон бо молу ашёи ба фурӯш гузоштаи ин маркази савдо аз наздик шинос шуданд. Дар марказ молҳои саноатӣ, сохтмонӣ, озуқа, обу нӯшока, варзишӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, заргарӣ, нассоҷӣ ва ғайраҳо ба фурӯш гузошта шуда буданд.

Сафири Ӯзбекистон аз нархҳои дастрас ба ҳайрат омада, ба  роҳбари ин маркази савдо Аюб Фозилов дастур дод, ки ин нархҳо тағйир наёбанд, фаъолият шаффоф ва бо амри дилу виҷдон ва обрӯву эътибори кишвари Ӯзбекистон сурат гирад.

Ва худи сафир аз аввалин харидор буд, ки бо нархи ҳамагӣ 75 сомонӣ курта, миёнбанд ва гарданбанд харид ва зимни мулоқот бо харидорон изҳор дошт, ки «Роҳбарияти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳавасманди рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳо миёни кишварҳояшон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ мебошанд.

Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем».

Шоқосим Шоисломов гуфт, ки «Ааз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар бо ҳузури беш аз 500 нафар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии ӯзбекистон баргузор мешаванд. Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд».

Сафир изҳор дошт, ки «Ӯзбекистон ҳавасманди бештари ифтитоҳи корҳонаҳои муштарак пеш аз ҳама дар соҳаи хоҷагии кишоварзии вилояти Суғд аст. Мо имкон дорем, ки тамоми анвои мошинолот ва истеҳсолоти хоҷагии халқро дастрас ва ё дар ин сарзамин тариқи муштарак истеҳсол намоем. Дар раванди муносибатҳои кишвари мо давраи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст ва касе ҳуқуқ надорад, ки пеши роҳи онро гирад».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.