Фурӯши амволи «Тоҷиксодиротбонк» барои ҳисоббаробарӣ бо амонатгузорон

spot_imgspot_img

Дата:

Яке аз бонкҳои дучори мушкилоти ҷумҳурӣ – «Тоҷиксодиротбонк» қисмате аз амволи худро ба фурӯш гузошт.

Тавре дар сомонаи бонк иттилоъ дода мешавад, бонк барои фурӯши 7 иншоот дар Душанбе, аз ҷумла мағозаву марказҳои савдо ва дорухонаҳо харидор меҷӯяд. Ҳамчунин дар 10 шаҳру навоҳӣ низ амволи бонк ба фурӯш гузошта шудааст.

Қаблан раҳбарияти бонк изҳор дошта буд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам карданист, аз ҷумла хароҷоти вобаста ба маоши кормандони бонк, пардохти андоз, иҷора ва ғайра. Ғайр аз ин, шумори ҳайати кормандон (штат)-и бонк низ кам шудааст.

Байни амонатгузорони бонк дипломатҳои афғон низ ҳузур доранд. Чор дипломати афғон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ду сол шуд ҳудуди 300 ҳазор доллар пули амонташонро "Тоҷиксодиротбонк" пас намедиҳад.

Ин маблағро онҳо замоне дар “Тоҷиксодиротбонк” гузошта будаанд, ки дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон кор мекарданд. Дипломатҳо изҳор доштаанд, ки ҳоло тасмим доранд, “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба додгоҳ бикашанд, чун тамоми мӯҳлати ваъдаи пас додани амонатҳо ба охир расид.

Дар худи бонк мегӯянд, айни замон пулҳои амонати мизоҷонро қисм ба қисм баргардонида истодаанд. «Амонатҳоро қисма ба қисм пардохт мекунем. Ҳозир амонатгузорон пулҳои худро ҳар моҳ аз рӯи тартиби муқарраршуда мегиранд», – изҳор доштаанд дар бонк.

Аввали моҳи ноябр ҳукумат баҳри дастгирии ин бонк дар ҳаҷми 2 млрд. 250 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо кард. Дастгирии давлатӣ ба муҳлати 5 сол пешбинӣ шуда, имсол бонк бояд 5%, соли оянда – 20% ва солҳои минбаъда – 25 фоизӣ ин воситаҳоро баргардонад. Ин дастгирӣ 60%-и уҳдадориҳои умумии бонкро рӯйпӯш мекунад, боқимонда – 40 фоизро бонк бояд аз ҳисоби баргардонидани қарзҳо, фурӯши амвол ва ҷалби сармояи иловагӣ рӯйпӯш кунад.

Моҳи ноябри соли гузашта муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таъкид дошта буд, ки аз оғози соли гузашта ҳаҷми уҳдадориҳои бонки мазкур назди мизоҷон беш аз 2,2 млрд. – аз қариб 3,9 млрд. сомонӣ то 1,6 млрд сомонӣ кам шудааст.

Рӯйхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...