Дар Тоҷикистон NGN дубора фаъол шуд, лекин на дар ҳамаи операторон

Алҳол танҳо ширкати фароҳамсози интернет (провайдер)-и «Телеком Технолоҷи» кори Next Generation Network (NGN) телефонияро фаъол намуд. Барои корбарон ҳамчунин замимаҳои мобилии IP-телефонияи ширкатҳои Tcell ва Билайн, ҳамчунин «Вавилон-М» дастрас мебошанд. Санади расмии барқарор шудани кори хизматгузории IP-телефония алҳол вуҷуд надорад. Намояндагони ширкати «Телеком Технолоҷи» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки баъди аз ҷониби […]

Asia-Plus

Алҳол танҳо ширкати фароҳамсози интернет (провайдер)-и «Телеком Технолоҷи» кори Next Generation Network (NGN) телефонияро фаъол намуд.

Барои корбарон ҳамчунин замимаҳои мобилии IP-телефонияи ширкатҳои Tcell ва Билайн, ҳамчунин «Вавилон-М» дастрас мебошанд. Санади расмии барқарор шудани кори хизматгузории IP-телефония алҳол вуҷуд надорад.

Намояндагони ширкати «Телеком Технолоҷи» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки баъди аз ҷониби Хадамоти алоқа дастрас шудани «иҷоза» хизматгузориҳои NGN ба муштариёнашон дастрас шудааст. «NGN-и ширкати мо бо реҷаи пешин кор карда, ҳам IP-ҳои маҳаллӣ ва ҳам хориҷиро дастгирӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

Санаи 18 декабри соли гузашта Хадамоти алоқа бо ишора ба масъалаи таъмини амният иҷозатномаи хизматгузории NGN-ро бозхонд. То ин замон ширатҳои «Истера», «Интерком», «Вавилон» ва ғайра хизматгузории NGN-ро пешниҳод мекарданд, ки алҳол хизматрасониҳои IP-телефонияи ин ширкатҳо ба муштариён дастрас нест.

Дар ширкати «Вавилон» қайд карданд, ки замимаи чанде қабл роҳандозишудаи "Mobi Гап" барои муштариён дастрас, вале хизматгузории NGN то ҳол қатъшуда боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, айни замон дар ширкати «Билайн» замимаи «Салом» дастрас шуд, ки баъди дархости Хадамоти алоқа қатъ гардида буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди ширкати мазкур Рустам Тоҳиров хабар дод, дастрасӣ ба замимаи мобилии «Салом» муваққатан дар доираи дастури Хадамоти алоқа оид ба пешниҳоди хизматгузориҳои пайвасти NGN қатъ шуда буд. Замимаи мобили «Салом» ба рақами мобилии ширкат марбут буда, сарфи назар аз дар куҷо қарор доштани муштарӣ, ӯ тариқи рақами мобилӣ бо тарифҳои дохилӣ гуфтугӯ карда метавонад.

Ба ин монанд замимаи Tcell ("Чи гап") ва «Вавилон-М» ("Mobi Гап") мавҷуд аст, ки ширкат онро аз 1 январи соли 2018 роҳандозӣ кард.

Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала зикр карданд, ки санҷиши асосҳои қатъи NGN идома дорад. «То ҷое ман огаҳӣ дорам, хизматгузории NGN алҳол барои муштариён барқарор нашудааст. Санҷиши мо ҳам идома дорад ва ҳафтаи наздик дар бораи натиҷаҳои он ҳисобот медиҳем», – гуфт як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.