Боздошти толибилми тамаъҷӯъ барои аксҳои духтар дар Инстаграм

Сокини 16-солаи шаҳри Кӯлоб бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда дар шабакаи интернетии Инстаграм саҳифа кушодааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ноболиғи мазкур дар ин шабака акси зани 20-солаи сокини шаҳри Душанберо ҷой намуда, аз дӯстдоштааш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе барои тоза намудан ва нест кардани сабтҳои беобрӯкунанда маблағи 1000 сомонӣ […]

Asia-Plus

Сокини 16-солаи шаҳри Кӯлоб бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда дар шабакаи интернетии Инстаграм саҳифа кушодааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ноболиғи мазкур дар ин шабака акси зани 20-солаи сокини шаҳри Душанберо ҷой намуда, аз дӯстдоштааш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе барои тоза намудан ва нест кардани сабтҳои беобрӯкунанда маблағи 1000 сомонӣ тамаъ намудааст.

Гуфта мешавад, ноболиғи мазкур ҳангоми гирифтани маблағи 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.