Маблағи вомбаргҳои дар Аврупо фурӯхташуда ба сохтмони Роғун равона мешаванд

Тоҷикистон ба азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз карда, тақрибан 65 млн. доллар аз ин маблағ аллакай сарф шудааст. «Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон дар доираи талаботи иншоот аз ҳисоби буҷет ва воситаҳои аз хориҷа ҷалбшуда амалӣ шуда, дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», – хабар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз карда, тақрибан 65 млн. доллар аз ин маблағ аллакай сарф шудааст.

«Маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун айни замон дар доираи талаботи иншоот аз ҳисоби буҷет ва воситаҳои аз хориҷа ҷалбшуда амалӣ шуда, дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», – хабар дод вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Бино ба маълумоти ӯ, соли 2018 баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 млрд. сомонӣ воситаҳои буҷетӣ равона мегарданд.

«Барои сохтмони нерӯгоҳ ҳамчунин қисмате аз воситаҳое, ки аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар бозорҳои байнулмилалли молӣ ба даст омаданд, низ равона мегардад. Ин коғаҳои қиматнок соли гузашта дар бозори хориҷӣ ба маблағи 530 млн. доллар фурӯхта шуданд», – қайд кард вазир.

Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки то имрӯз тақрибан 65 млн. доллар аз ин маблағ аллакай истифода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, воситаҳое, ки соли 2010 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ба даст омаданд, пурра азхуд шудаанд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия Ҷамшед Каримзода, ин воситаҳо дар ҳаҷми 980 млн. сомонӣ ба харидории таҷҳизоти зарурӣ барои иншоот харҷ шудааст.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки чанде пеш ҳамроҳ бо аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» аз майдони сохтмони нерӯгоҳи оянда боздид кардааст.

«Корҳо дар доираи ҷадвали пешбинишуда ҷараён доранд. Бовар дорам, ки агрегати нахустини нерӯгоҳ дар муҳлати муқарррашуда ба кор медарояд», – илова кард вазир.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли равон доир мегардад. Дар ин бора санаи 1 феврал роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини ба Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо Сарвари давлат итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун соли 2017 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 млрд. 700 млн. сомонӣ масраф шуд. Соли 2017 дар ин самт харҷи қариб 5 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора зимни пешниҳоди Паём ба парлумон санаи 22 декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.