Ҳаракати нақлиёт бо роҳи Хоруғ-Ишкошим муваққатан қатъ шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Хоруғ-Ишкошим муваақатан қатъ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Дар роҳи Хоруғ-Ишкошим тармаҳо фаромада, роҳ баста аст. Дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус ҷиҳати тозакунии роҳ аз тармаҳо кор мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ. Бино ба гуфтаи ӯ, дигар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи Хоруғ-Ишкошим муваақатан қатъ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Дар роҳи Хоруғ-Ишкошим тармаҳо фаромада, роҳ баста аст. Дар қитъаҳои роҳ техникаи махсус ҷиҳати тозакунии роҳ аз тармаҳо кор мекунад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумита Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, дигар роҳҳои кишвар ва ағбаҳо боз буда, дар роҳҳои кӯҳистон посгоҳҳои зудамал ташкил карда шудааст.

Дар маълумоти Кумита бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ қайд мешавад, ки то 6 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор боқӣ мемонад. Барфу борон дар навоҳии алоҳидаи кишвар бошиддат меборанд. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз 8 то 10 дараҷа паст мешавад.

“Бошиддат боридани барф дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ сабабгори лағзиши тарма дар роҳҳо мешавад. Бахусус хавфи тарма дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Лахш – Қарамиқ бештар аст”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти дафтари матбуоти филиали ширкати IRS, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд барқарор шудааст. Субҳи имрӯз бар асари тармафароӣ дар километрҳои 69-71 роҳ муваққатан баста шуда буд.

“Кормандони филиали ширкати IRS роҳро тоза намуда, он боз аст. Ҳаракати автомашинаҳои бооркаши ядакдор (притсеп) ва фураҳо маҳдуд буда, хатари тармафароӣ боқӣ мемонад”, – гуфт сухангӯи ширкат Далер Мерганов.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба барфрезӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор ва дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Дар  робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аҳолии кишвар ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ба дилхоҳ манотиқи кишвар худдорӣ намоянд ва ё агар зарур аст, ки раванд, пас бояд хеле эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.