Панҷ мушкили муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия байни давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Россия низ ба имзо расид. Дар ин созишнома чӣ муқаррароте пешбинӣ шудааст, алҳол маълум нест. Ин ҷо мо ба панҷ мушкилоти муҳим […]

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия байни давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Россия низ ба имзо расид.

Дар ин созишнома чӣ муқаррароте пешбинӣ шудааст, алҳол маълум нест. Ин ҷо мо ба панҷ мушкилоти муҳим дар ин самт ишора мекунем, ки ба ақидаи коршиносон, бояд ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шаванд.

Ба қайд гузоштан

Нимаи соли гузашта қоидаҳои бақайдгирӣ дар Русия сангинтар шуда, акнун муҳоҷирон уҳдадоранд, ки танҳо дар маҳалли будубош худро ба қайд гузоранд. Қаблан шаҳрвандони хориҷиро метавонистанд дар ҷойи кор ҳам ба қайд гиранд. Ғайр аз ин, чандин сол аст, ки муҳоҷирони меҳнатии точик  барои сабук сохтани қоида ва тартиби бақайдгирӣ, ҳамчунин муайян кардани мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳочирон талош меварзанд, вале то ҳол бенатиҷа.  

Ихроҷ ва авф

Сангинтар шудани қонунгузории муҳоҷират ба он оварда расонид, ки тайи 5 соли охир беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд. Соли 2017 дар доираи авфи ҷоришуда зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷшудаи ҷумҳурӣ барои вуруд ба Русия ва имкони кор дар он ҳуқуқ пайдо карданд. Тибқи маълумоти охири соли 2018, то ҳол вуруди беш аз 220 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия манъ аст.

Таъминот бо нафақа

Ҳамасола садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо барои пулкоркунӣ ба Русия рафта, солҳои тӯлонӣ он ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Лекин масъалаи таъини нафақа ба муҳоҷирони корӣ то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад: на дар Русия ба онҳо маблағ пардохт карданианду на дар Тоҷикистон.

Солҳои охир гӯё як пешравие дар ин масъала ба мушоҳида расида, ҳукуматдорони ҷумҳурӣ мегӯянд, ҷонибҳо ба имзо созишнома дар ин хусус наздиканд, ки се сол пеш омода гардида буд.

Патент

Аз 1 январи соли 2015 ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид (виза) ба Русия барои кор меоянд, бояд патент гирифта, ҳар моҳ маблағи онро пардохт намоянд. Дар сурати надоштани чунин ҳуҷҷат, шаҳрванди хориҷӣ то 7 ҳазор ҷарима шуда, аз кишвар хориҷ ва вурудаш ба муҳлати аз 3 то 10 сол манъ шуда метавонад.

Қобили зикр аст, ки ба пардохти маблағи патент ҳар моҳ на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ имкон доранд ва арзиши баланди он ба афзоиши сафи муҳоҷироне боис мегардад, ки ба фаъолияти ғайриқонунӣ афзалият медиҳанд.

Сафарбарии муташаккилона ба кор

Аксари муҳоҷирони корӣ (то 1 млн. нафар) мустақилона аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Низоми ҷалби муташаккилонаи онҳо ба кор аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ то ҳол ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, ҳамватанони мо дар Русия қонунӣ кор ёфта наметавонанд ва дар бисёр ҳолатҳо қурбони фиреби қаллобон гардида, ба меҳнати душвору тоқатфарсо маҷбур мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.