“Шояд фармоиш бекор шуд?”. Чаро муштариён ба тарифи нав нагузаштанд?

Муштариёни ширкатҳои мобилӣ имрӯз, 18 апрел дар бораи гузаштан ба тарифҳои нав паёмак-огоҳинома нагирифтанд. Ин амал миёни ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, бархе бар ин гумонанд, ки шояд фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ бекор шудаву тарифҳои нав танҳо барои муштариёни нав пешбинӣ гардидааст. Дар ширкатҳои мобилӣ дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки тарифҳои қаблан пардохтшуда […]

Муштариёни ширкатҳои мобилӣ имрӯз, 18 апрел дар бораи гузаштан ба тарифҳои нав паёмак-огоҳинома нагирифтанд.

Ин амал миёни ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, бархе бар ин гумонанд, ки шояд фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ бекор шудаву тарифҳои нав танҳо барои муштариёни нав пешбинӣ гардидааст.

Дар ширкатҳои мобилӣ дар мавриди ин масъала хабар доданд, ки тарифҳои қаблан пардохтшуда то анҷоми муҳлати амалашон кор мекунанд ва шурӯъ аз имрӯз муштариёни нав бо тарифҳои нав ба шабака васл мешаванд.

“Тарифҳои пешина бо пардохти моҳона то муҳлати пардохтшуда амал мекунанд. Масалан, агар шумо ҳар санаи 15-ум пардохти моҳонаро анҷом диҳед, тарифатон то 15 май амал карда, баъд ба таври автоматӣ ба тарифи нав мегузаред. Агар тариф аз санаи 1-уми моҳ бошад, то 1 май амал мекунад. Муштариёни дорои тарифҳои бе пардохти моҳона тадриҷан то 25 апрел ба тарифҳои нав мегузаранд”, – хабар дод як манбаъ аз ширкатҳои мобилӣ.

Дар робита ба тарифҳо ва бастаҳои интернет зикр шуд, ки онҳо низ то муҳлати охири моҳ амал карда, агар баста барои як моҳ 15 апрел харида шуда бошад, он то 15 май амал мекунад.

“Бастаҳои интернети семоҳа мутаносибан то анҷоми муҳлат се моҳ амал мекунанд. Бастаҳои интернети солонаи ҳамаи ширктаҳои мобилӣ дар муддати 12 моҳ аз рӯзи харидориашон амал хоҳанд кард”, – итминон доданд дар ширкатҳо.

Ёдрас мекунем, ки аз 18 апрел дар тамоми операторони мобилии Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон №31 аз 4 марти соли 2019 ҷадвали тарифҳои ягона ба хизматрасониҳои мобилӣ амал мекунад. Ҷадвали тарифҳо ба се навъ ҷудо шуд: бо пардохти моҳонаи 25, 30 ва 35 сомонӣ. Бо ин маблағ муштариён дар ҳамаи ширкатҳо дақиқаҳои баробар барои гуфтугӯро дастрас мекунанд.

Муштариён ба тарифҳои нав гузаронида мешаванд: Tcell тарифҳои худро “Салом” (1, 2, 3), “Мегафон Тоҷикистон” – “Простой” (1, 2, 3),  Babilon-М – «Муносиб» (1, 2 3) ва «Билайн» – “Қулай” (1,2,3) номидааст.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон операторони мобилиро уҳдадор намуд, ки арзиши 1 Мб Интернетро на камтар аз 5 дирам бе назардошти андоз муқаррар кунанд. Ҳамин тариқ, аз санаи 18-ум 1 гигабайт (1024 мегабайт) интернети ширкатҳои мобилии Тоҷикистон на камтар аз 63 сомонӣ (пешина – 30-35 сомонӣ) нарх хоҳад дошт. Аз ин бармеояд, ки интернети мобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 маротиба қимат мешавад.

Бастаҳои интернет, ки қаблан ширкатҳои мобилӣ пешниҳод мекарданд, низ аз байн мераванд: барои ҳар 1 Мб муштарӣ 0,062 сомонӣ маблағ пардохт мекунад. Бастаҳо дигар фурӯхта нашуда, лекин қаблан пардохтшудаашон амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.