Долони соддашудаи гумрукӣ – иқдоми узвияти ояндаи Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё?

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия 16 санади нави ҳамкорӣ байни кишварҳо, аз ҷумла Созишнома байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонишудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия (“долони соддаргардонидашудаи гумрукӣ”) ба имзо расид. Васоити ахбори умуми Русия бар […]

Аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Русия 16 санади нави ҳамкорӣ байни кишварҳо, аз ҷумла Созишнома байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Россия оид ба ташкили тартиби соддагардонишудаи амалиёти гумрукӣ ҳангоми интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Тоҷикистон ва Россия (“долони соддаргардонидашудаи гумрукӣ”) ба имзо расид.

Васоити ахбори умуми Русия бар ин назаранд, ки санади имзошуда иқдоми тавсеъаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) буда, табиист, ки он аз ҳисоби Тоҷикистон дар назар аст.

Дар нашрияи “Экономика сегодня” дар ин робита қайд мешавад, ки аз рӯзҳои аввали таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ ва минбаъд табдили он ба ИИАО Душанбе ба он таваҷуҳ дошта, ҳамеша дар пайи рафъи монеъаҳои тиҷорат бо Русия аст.

Коршиносони нашрия имзои созишномаро мустақиман ба нияти Тоҷикистон ҷиҳати узвияти комилҳуқуқ ба ИИАО нисбат надода, лекин аз эҳтимол дур намедонанд, ки Душанбе фоидаи узвият дар ин Иттиҳоди иқисодиро дар амал санҷиданӣ ва дар фурсати муайяни дарки афзалиятҳо, ба он пайвастанист.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон – узви ИИАО ҳаммарз буда, ин ба дастрасии осону мустақими кишвар ба паҳнои иқтисодии Иттиҳод имкон медиҳад.

“Нисбат ба арманиҳо, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ бо кишварҳои Иттиҳод ҳаммарз нест, узвият ба Тоҷикистон осонтар аст. Дар Душанбе ҳамаи инро дарк намуда, паҳлӯҳои мусбату манфии онро омӯзишу баррасӣ мекунанд”, – изҳор доштаанд коршиносон.

Коршиносони тоҷик низ аз эҳтимол дур намедонанд, ки роҳандозии қоидаҳои нави гумрукӣ байни Душанбе ва Маскав иқдоми аввалин дар роҳи пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО буда метавонад.

“Давоми чор сол аст, ки мансабдорони тоҷик мегӯянд, ин масъаларо мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд, лекин ҳақиқат дар он аст, ки иқтисоди Тоҷикистон алҳол ба сатҳи паҳнои гумрукии авруосиёӣ ҷавобгӯ нест”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” иқтисодчӣ Сафар Камолов.

Ба ақидаи ӯ, ин иқдом ба Русия ҷиҳати арзёбии хатарҳои имконпазир аз ҳамгиройии Тоҷикистон ба ИИАО имкон фароҳам меоварад.

“Мансабдорони мо акнун суду зарари пайвастан ба Иттиҳодро на дар таҷрибаи Қирғизистону Арманистон, ки доимо аз он ҳарф мезананд, балки дар амал таҳлил карда метавонанд”, – илова кард коршинос.

Дар Хадамоти гумруки нази ҳукумати Тоҷикистон дар шарҳи ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ҷузъиёти созишнома баъдтар дастраси умум хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.