Сарбозони Қушӯнҳои сарҳадӣ барои лату кӯби доимии ҳамхизматон маҳкум шуданд

Ду сарбози қисми низомии 0121 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои лату кӯби доимии ҳамхизматон маҳкум шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди гарнизони Душанбе хабар доданд, сарбозон Мустафо Ғаффоров аз ноҳияи Рашт ва Абдусамеъ Ҳомидов аз ноҳияи Бобҷон Ғафуров тирамоҳи соли 2017 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз охири соли 2018 ба лату кӯби доимии наваскарон […]

Ду сарбози қисми низомии 0121 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои лату кӯби доимии ҳамхизматон маҳкум шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди гарнизони Душанбе хабар доданд, сарбозон Мустафо Ғаффоров аз ноҳияи Рашт ва Абдусамеъ Ҳомидов аз ноҳияи Бобҷон Ғафуров тирамоҳи соли 2017 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз охири соли 2018 ба лату кӯби доимии наваскарон роҳ медодаанд.

Бино ба иттилои манбаъ ҳамаи ҷароҳатҳои бардоштаи наваскарон аз ин лату кӯбҳо бо ташхисҳои судиву тиббӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.

Нисбати Ғаффоров ва Ҳомидов моҳи январи соли ҷорӣ мутобиқи моддаҳои 373 (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият)-и КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бо ҳукми суди гарнизони Душанбе М.Ғаффоров ба 2,6 сол ва А.Ҳомидов ба 1,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро дар яке аз баталйонҳои интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон адо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.