Идомаи гуфтушунидҳои Душанбе ва Тошканд оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳад

Дар шаҳри Самарқанд аз 11 то 17 апрел вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба мувофиқасозии масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқии таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни кишварҳо доир гардид. Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатиро таҳия ва ҳамчунин нақшаи корҳои саҳроиро мувофиқа намуданд, хабар медиҳад […]

Дар шаҳри Самарқанд аз 11 то 17 апрел вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба мувофиқасозии масоили тадорукотӣ ва ҳуқуқии таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни кишварҳо доир гардид.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо лоиҳаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатиро таҳия ва ҳамчунин нақшаи корҳои саҳроиро мувофиқа намуданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаи гуфтушунид протокол ба имзо расидааст. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои кишварҳо даҳаи дуюми моҳи май дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоии як манбаи “Азия-Плюс” дар ҳукумати Тоҷикистон, корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта ба итмом расида буданд.

“Яъне он замон ҷонибҳо дар бораи хатти гузариши сарҳад хаттӣ созиш ҳосил намуда, акнун дар харита тибқи аломатгузорӣ хати саҳеҳи сарҳади байни ду кишвар муайян карда мешавад”, – гуфт манбаъ.

Шартнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расида, 19 апрели соли гузашта парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Ӯзбекистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Ӯзбекистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Дар давраи аз 24 феврал то 1 марти соли сипаришуда дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайати ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуда, дар он тарафҳо ба лоиҳаи шартнома дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳад замима таҳия намуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.