Машғулиятҳои САҲА барои журналистони ҷавон дар мавзӯи рӯзноманигории экологӣ

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе 17 ва 18 апрел  барои 35 рӯзноманигори ҷавон аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни кишвар курсҳои омӯзиширо оид ба рӯзноманигории экологӣ ва масъалаҳои муҳими экологӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд. Чорабинӣ якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Рӯзноманигорони ҷавон – 18 зан ва 17 мард аз […]

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе 17 ва 18 апрел  барои 35 рӯзноманигори ҷавон аз Душанбе ва минтақаҳои гуногуни кишвар курсҳои омӯзиширо оид ба рӯзноманигории экологӣ ва масъалаҳои муҳими экологӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд.

Чорабинӣ якҷоя бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Рӯзноманигорони ҷавон – 18 зан ва 17 мард аз шаҳри Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Ҷайҳун, Бохтар ва Рашт дониши худро оид ба мушкилоти экологӣ дар кишвар, Конвенсияи Орхус ва тарзи ба тамошобинон ва хонандагони воситаҳои ахбори омма гузоришдиҳии мавзӯъҳои муҳити зист васеъ намуданд.

Муовини сардори Маркази иттилоотии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ибодулло Сангов гуфт: «Чорабинии имрӯза яке аз ташаббусҳои САҲА дар чаҳорчӯби ҳамкории судманди САҲА ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ташаккул додани афкори ҷомеа, САҲА дар ҳамкорӣ бо Кумита ният доранд, ки рӯзноманигорони ҷавонро барои баланд бардоштани огоҳии онҳо оид ба масъалаҳои экологӣ ва ба аҳолӣ расонидани иттилооти воқеӣ ва боэътимод омӯзонанд».

Филиппо Кривелларо, сардори Бахши иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе изҳор дошт: «Мо итминон дорем, ки мақолаҳои баландсифат ва иҷтимоиӣ дар рӯзномаҳо, интернет, барномаҳои радио ва телевизион метавонанд ба аҳолии бештар дар саросари Тоҷикистон дастрас бошанд ва ба татбиқи санадҳои стратегии ҳукуматӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд».

Дар доираи омӯзиш иштирокчиён ба корхонаи коркарди коғаз ва боғи ботаникии Душанбе ташриф оварда дар он ҷо дар бораи ташрифҳо гузоришҳо таҳия намуданд, ки баъдтар дар тренингҳо муаррифӣ ва таҳлил карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.