Ӯсма – воситаи дӯстдоштаи бибиҳои мо чӣ нафъҳо дорад?

Айни замон дар Тоҷикистон мавсими ӯсмакашӣ – воситаи табиии ороишот ҷараён дорад, ки замони гузашта ҳар кадоме аз тоҷикзанон аз он истифода мекарданд. Мисли пешин ҳозир он чандон маъмул нест. Мо ба коршинос муроҷиат намуда, хусусиятҳои хеле зиёди муфиди ӯсмаро муайян кардем. “Бибиҳои мо беҳуда намегуфтанд, ки ӯсма ба афзоиши хуби мӯйи сар мусоидат намуда, […]

Asia-Plus

Айни замон дар Тоҷикистон мавсими ӯсмакашӣ – воситаи табиии ороишот ҷараён дорад, ки замони гузашта ҳар кадоме аз тоҷикзанон аз он истифода мекарданд. Мисли пешин ҳозир он чандон маъмул нест.

Мо ба коршинос муроҷиат намуда, хусусиятҳои хеле зиёди муфиди ӯсмаро муайян кардем.

“Бибиҳои мо беҳуда намегуфтанд, ки ӯсма ба афзоиши хуби мӯйи сар мусоидат намуда, абрӯвону мижгонро зичтару зеботар мегардонад. Дарвоқеъ ҳам чунин аст. Ӯсма аз таркибҳои гуногуни муфид, ҳамчунин витаминҳои В1, В2 и В6 иборат буда, ба сифати равғани мушхор ва беданҷир (канадона) низ истифода шуда метавонад”, – мегӯяд Собирҷон Юсуфӣ, корманди Маркази тибби мардумӣ.

Ӯсмакашӣ як қисми ороиши суннатӣ буда, то ҳанӯз чун мероси ниёгон дар миёни занону модарони тоҷик боқӣ мондааст. Дар мавриди мунтазам кашидани ӯсма абрӯвон ранги сиёҳи ғализ гирифта, ҳусну ҷамоли бонувон даҳчанд афзун мешавад.

Бо хусусиятҳои дигари муфиди ӯсма дар навори навбатии мо маълумот дода мешавад.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.