Бо ҳисси ватандӯстӣ: эълони озмуни мақолаи беҳтарин дар бораи Сарфармондеҳи Олии ҷумҳурӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори Артиши миллӣ» озмуни мақолаи беҳтарин эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар озмун олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон иштирок карда метавонанд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори Артиши миллӣ» озмуни мақолаи беҳтарин эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар озмун олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон иштирок карда метавонанд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин чеҳраҳои илмии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.

Мақолаҳои довталабони озмун бояд дар ҳаҷми на кам аз 6 саҳифа пешниҳод шавад. Ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 дар Тоҷикистон як китоби мукаммали шеърҳо бахшида ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расид, ки таҳиягари он муовини мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода буд.

Соли 2017 овозхонон Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед ба ифтихори Пешвои миллат тарона суруданд.

https://www.youtube.com/watch?v=ezSuwpKUGh0

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ (зери тахаллуси Ниҳонӣ) дар васфи Президенти Тоҷикистон шеър эҷод кард. Роҳбари Фонди байнулмилалии хайрияи фарҳанг ва маорифи ба номи Шодмон Пӯлодӣ, омӯзгори мусиқӣ Виктория Пӯлодӣ ҳам дар бораи Эмомалӣ Раҳмон шеър навишта, худаш онро ба оҳанг даровард.

Ҳамчунин соли 2017 нависандаи тоҷик ва драматург Абдуғаффори Абдуҷаббор таҳти унвони «Назаркарда» нахустин пйесаи театриро дар бораи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.