Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон борону барф меборад

Рӯзҳои 4-6 ноябр дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора тағйир ёфтани вазъи обуҳаво дар назар буда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад.  Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 4-5 ноябр ба истиснои ВМКБ, дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ бориши борону барф пешгӯйӣ мешавад. Аз ҷумла, дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришоти пуршиддат ба амал меояд […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 4-6 ноябр дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора тағйир ёфтани вазъи обуҳаво дар назар буда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад. 

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 4-5 ноябр ба истиснои ВМКБ, дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ бориши борону барф пешгӯйӣ мешавад. Аз ҷумла, дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон боришоти пуршиддат ба амал меояд ва дар вилояти Суғд борону барф меборад.

Гуфта мешавад, рӯзи 4-уми ноябр бо истиснои ВМКБ дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 13-18 м/с дар назар буда, 3-юми ноябр дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман пешгӯйӣ мешавад.

“Рӯзҳои 4-5 ноябр дар водиҳои НТМ ва вилояти Хатлон пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа ва дар водиҳои вилояти Суғд то 10-15 дараҷа дар назар аст”, – қайд мешавад дар маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ.

Мутахассисон огоҳ мекунанд, ки шароити обуҳаво барои бурдани корҳои саҳроӣ, нигоҳубин ва чаронидани чорво номусоид буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии навоҳии тобеи марказ ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани сел аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.