Борону барф ва раъду барқ. Зимистон ҷойи худро мегирад

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боришот (борону барф), рӯзи 27 феврал дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат ба амал меояд. Тавре Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои дар водӣ қарордошта то 8-100 паст мешавад. Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд вазиши шамол бо шиддатнокии […]

Asia-Plus

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ шуда, боришот (борону барф), рӯзи 27 феврал дар баъзе ноҳияҳо боришоти бошиддат ба амал меояд.

Тавре Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои дар водӣ қарордошта то 8-100 паст мешавад.

Дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд вазиши шамол бо шиддатнокии то 18-23м/с дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимоли фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.

Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд) ва ноҳияҳои кӯҳии НТМ (шоҳроҳи Нуробод – Сангвор) фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ағбаҳо пайдоиши қабати барф, яхбандӣ ва ҷамъшавии барфтӯдаҳо дар назар аст.

Дар Душанбе ҳавои абрнок, боришот (борон, барфи тар), дар баъзе ҳолатҳо боришоти бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 7+9° гарм, дар нимаи дуюми рӯз то 0+5° поин мефарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.