Вазорати молия ҷонибдори ба таъхир андохтани мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳо аст

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҷумҳурӣ ният дорад доир ба реструктуризатсияи инфиродии қарзҳои бонкҳои кишвар ба сарвари давлат муроҷиат кунад. Соли гузашта тавассути бонкҳо барои истеҳсоли пахта ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 140 млн. сомонӣ маблағҳои давлат ҷудо гардида буданд ва то имрӯз аз ин маблағ ҳамагӣ 33 дарсадаш ба хазинаи давлат баргардонида […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати молияи ҷумҳурӣ ният дорад доир ба реструктуризатсияи инфиродии қарзҳои бонкҳои кишвар ба сарвари давлат муроҷиат кунад. Соли гузашта тавассути бонкҳо барои истеҳсоли пахта ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 140 млн. сомонӣ маблағҳои давлат ҷудо гардида буданд ва то имрӯз аз ин маблағ ҳамагӣ 33 дарсадаш ба хазинаи давлат баргардонида шудааст.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс»

 

директори Департаменти қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии вазорат Темуралӣ Афғонов изҳор дошт, ки дар робита ба изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои кишвар доир ба дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои соли гузаштаи хоҷагиҳои пахтакор чунин тасмим пеш гирифта шуд. Лозим ба ёдоварист, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои ба хоҷагиҳои пахтакор соли гузашта ҷудогардида 1-уми апрел ба охир расид. «Бо назардошти таъсири бӯҳрони молӣ ба соҳаи пахтакории ҷумҳурӣ, Вазорат аз сарвари давлат таъсиси комиссияи вижаи таҳлили вазъи воқеии ҳар кадоме аз бонкҳо ва реструктуризатсияи инфиродии қарзҳои ҳар як бонкро дар алоҳидлагӣ дархост хоҳад кард», – гуфт ӯ.




           

Т.Афғонов таъкид сохт, ки ба санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ аз 140 млн. сомонии ба бонкҳо ҷудогардида барои қарз додан ба хоҷагиҳои пахтакор бо 12 фоизи солона ҳамагӣ 45,9 млн. сомонӣ ё худ 33 дарсади қарзи асосӣ ва 4,8 млн. сомонӣ ё худ 32 дарсад аз рӯи пардохти фоиз қарзҳо пардохт карда шудааст.




           

Ба гуфтаи Т.Афғонов, «Амонатбонк» аз 40 млн. сомонии қарз 19,4 млн. ва пардохти фоизи қарзҳо 1,2 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» аз 50 млн. сомонӣ мутаносибан 18,7 млн. сомонӣ ва 2,8 млн. сомонӣ, «Тоҷиксодиротбонк» аз 5 млн. сомонӣ мутаносибан 2,5 млн. ва 390 ҳазор сомонӣ ва «Бонки рушди Тоҷикистон аз 5 млн. сомонӣ мутаносибан 3,3 млн. ва 428 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзи вазоратро баргардонидаанд. «Тоҷпромбонк» аз 5 млн. сомонии қарзи гирифтааш 2,1 млн. сомонӣ қарзи асосиро пардохт намуда, аз рӯи фоизҳои қарз ҳанӯз ҳеҷ маблағе напардохтааст ва аз 35 млн. сомонии қарзи «Ориёнбонк» низ то ҳанӯз ба вазорат маблағе ворид нагардидааст», – гуфт ӯ.




           

Директори Департаменти қарзи давлатӣ ва дороиҳои молиявии вазорат мегӯяд, соли ҷорӣ тавассути бонкҳо ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудо кардани 180 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин маблағ ба буҷаи давлатии соли 2009 дохил карда шудааст. «Вазорат ҷиҳати ихтсиос додани қарз бо ин мақсад аллакай бо «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 70 млн. сомонӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расонида, рӯзҳои наздик 54 млн. сомонии он ихтисос дода мешавад», – -гуфт вай ва афзуд, ки фарқи асосии созишномаҳои кунунӣ аз қаблӣ дар он ифода меёбад, ки соли равон ҳар кадоме аз бонкҳо мувофиқи салоҳдиди хеш қарзҳои ҳукуматро миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим хоҳанд кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.