Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии беҳдошт ҷашн гирифта шуд

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии беҳдошт бо иштироки роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Сантино Северони, муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саодат Ҷобирова ва муовинони вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзам Мирзоев ва намояндагони васоити ахбори умуми хогиҷиву ватанӣ нишасти хабарӣ доир […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии беҳдошт бо иштироки роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Сантино Северони, муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саодат Ҷобирова ва муовинони вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзам Мирзоев ва намояндагони васоити ахбори умуми хогиҷиву ватанӣ нишасти хабарӣ доир гардид.





           

Дар суханрониаш С.Северони изҳор дошт, ки ҳамасола Рӯзи байнулмилаии беҳдошт таҳти шиоре сурат мегирад ва соли равон он ба масъалаи бехатарии муассисаҳои тиббӣ ва омодагии кормандони бахши беҳдошт баҳри кӯмак ба ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ бахшида шудааст.




           

Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, соли гузашта дар саросари ҷаҳон 321 вазъи фавқулодда ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. «Агар ба вазъи Тоҷикистон назар андозем, метавон ба хулосае омад, ки он ҳар лаҳза метавонад тағйир бипазирад ва аз ин рӯ, муассисаҳои тиббии кишвар ва ҳайати шахсии он бояд ҳамаҷониба ба рух додани чунин холатҳо омода бошанд», – гуфт ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.