Дар Пекин дарахтони зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон тӯҳфашуда гул карданд

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Рашид Олимов бахшида ба гул кардани ниҳолҳои зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба мардуми Чин тӯҳфашуда чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.             Тибқи иттилои хабаргузории «Казинформ», моҳи мати соли 2006 дар заминҳои хоҷагии санҷишиву […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бо иштироки сафири Чин дар Тоҷикистон Рашид Олимов бахшида ба гул кардани ниҳолҳои зардолуи аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба мардуми Чин тӯҳфашуда чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.





           

Тибқи иттилои хабаргузории «Казинформ», моҳи мати соли 2006 дар заминҳои хоҷагии санҷишиву селексионии назди Донишгоҳи аграрии шаҳри Пекин маросими шинонидани 125 бех ниҳоли зардолуи навъи «Мирсанҷалӣ» ва «Бобоӣ», ки аз ҷониби Тоҷикистон ба мардуми Чин тақдим гардида буд, доир гардид. Имрӯз метавон гуфт, ки ниҳолҳо нашъунамо ёфта, гул кардаанд ва тобистон ба ҳосил хоҳанд даромад.




           

Дар суханронии худ Рашид Олимов ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ барои ғамхорӣ зоҳир намудан дар парвариши ниҳолҳои зардолу изҳори миннатдорӣ кард. «Дар Тоҷикистон 26 навъи зардолу парвариш карда мешавад ва онро мо чун рамзи дӯстӣ ба мардуми Чин тақдим кардем», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки боғи зардолуи Чину Тоҷикистон гувоҳи дӯстии рӯз то рӯз таҳкимёбандаи халқҳои ду кишвар хоҳад гардид.




           

Дар чорабинии ҷашнӣ донишҷӯёни тоҷики муқими Чин ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Пекин доир ба баҳору дӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.