Соҳибмулкони бозори «Зарнисор» аз президенти Русия кӯмак мехоҳанд

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибмулкони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Русия – Елена Миткова ва Ботурхон Талбаков унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар Владимир Путин ва муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимр Жириновский нома ирсол дошта, аз онҳо дархост кардаанд, ки ба ҳалли масъалаи беадолатона хароб сохтани бозори «Зарнисор» дар пойтахти […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳибмулкони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе, шаҳрвандони Русия – Елена Миткова ва Ботурхон Талбаков унвонии президенти Русия Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар Владимир Путин ва муовини раиси Думаи давлатии Русия Владимр Жириновский нома ирсол дошта, аз онҳо дархост кардаанд, ки ба ҳалли масъалаи беадолатона хароб сохтани бозори «Зарнисор» дар пойтахти Тоҷикистон мусоидат намоянд.




Бозори Зарнисор, ки аз соли 1995 ба ин сӯ таъминоти яке аз маҳалҳои сераҳолии Тоҷикистонро бар дӯш доштааст, ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта бар асоси даъвои додситонии пойтахт бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе баста шуда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе эълом дошта буд, ки тамоми асноди бозор ғайриқонуниянд. Рӯзи 1-уми апрели соли равон мақомоти шаҳрдории пойтахт ҷиҳати ба ҳолати аввала баргардонидани бозор, яъне хароб сохтани он ба соҳибмулкони бозор 10 рӯз мӯҳлат дод. Соҳибмулкон ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон мурҷиат карданд. Роҳбари шӯъбаи ҳуқуқии дастгоҳ Юсуф Салимов ба онҳо тавсия дод, ки ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат намоянд ва рӯзҳои наздик онҳо чунин ҳам карданианд.



Дар ҳамин ҳол, вакили дифои соҳибкорони бозор Шӯҳрат Қодиров мегӯяд, ахири ҳафтаи гузашта онҳо ҷиҳати ҳалли масъала ба Консулгарии генералии Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. «Мо умедворем, ки Русия ба шаҳрвандони худ кӯмак хоҳад расонд, зеро барои сохтмони бозори мазкур 16 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бидуни пардохти ҷубронпулӣ хостори вайрон кардани он аст», – гуфт ӯ.



Ботурхон Талбаков, масъули бозор дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳанӯз соли 1994 зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, сарвари давлат соҳибкорони тоҷикро даъват карда буд, ки ба ватан баргашта, дар ободонии он саҳм бигиранд. «Аммо имрӯз, ки ман баҳри рушди ватан сармоягузорӣ намудам, мехоҳанд натанҳо тиҷорати маро барҳам диҳанд, балки дар шароити бӯҳрони молӣ мардумро аз ҳазорҳо ҷойи корӣ низ маҳрум созанд», – гуфт вай.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.