Элен Кларк аз Зеландияи Нав маъмури нави Барномаи рушди СММ интихоб гардид

            Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмаъи куллии Созмони Милали Муттаҳид номзадии Элен Кларк аз Зеландияи Навро ба ҳайси маъмури нави Барномаи рушди СММ барои 4 сол маъқул шуморид. Дар ин вазифа ӯ Камол Дарвишро аз Туркия иваз хоҳад кард.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Барномаи рушди СММ дар Душанбе, Элен Кларк аз моҳи […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Маҷмаъи куллии Созмони Милали Муттаҳид номзадии Элен Кларк аз Зеландияи Навро ба ҳайси маъмури нави Барномаи рушди СММ барои 4 сол маъқул шуморид. Дар ин вазифа ӯ Камол Дарвишро аз Туркия иваз хоҳад кард.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Барномаи рушди СММ дар Душанбе, Элен Кларк аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба фаъолият дар ин вазифа шурӯъ хоҳад кард.




           

Гуфта мешавад, Э.Кларк аз соли 1981 узви парлумони кишвараш буда, аз соли 1999 то соли 2008 ба ҳайси нахуствазири Зеландияи Нав ифои вазифа намудааст.




           

Э.Кларк изҳор доштааст, роҳбарии Барномаи рушди СММ дар давраи бӯҳрон вазифаи пурмасъулест ва ӯ муваззаф аст, минбаъд дар сатҳи байнулмилалӣ бо фақру беадолатӣ дар саросари ҷаҳон мубориза барад.




           

Э.Кларк соли 1950 дар Зеландия Нав ба дунё омада, ҳамсараш профессор Питер Дэвис аст. Хонум Кларк соли 1971 Донишгоҳи Auckland-ро аз рӯи ихтисоси сиёсат ва таърих хатм намудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.