Ёдгор Файзов аз фаъолияти милисаҳо ва гурӯҳи “Авангард” нигаронӣ кард

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз кори милиса дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" изҳори нигаронӣ кардааст. Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки Ёдгор Файзов, иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020”-ро мавриди барасӣ қарор дода аз камфаъолиятии роҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохторҳои милиса, шӯроҳои ҷамъиятӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз кори милиса дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки Ёдгор Файзов, иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020”-ро мавриди барасӣ қарор дода аз камфаъолиятии роҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохторҳои милиса, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи "Авангард"  норозиятӣ кардааст.

Раиси вилоят дар мавриди барқарор намудани робитаи мустақиму устувор бо аҳолӣ, соҳиб шудан ба боварии халқ ва шафофияти кор, пинҳон намудани гурӯҳи ҷинояткорон ва дастгирӣ намудани онҳо аз тарафи гуруҳои алоҳида, бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.

https://www.youtube.com/watch?v=142716547291942

Файзов, қонуншиканиро маърифати сусти тарбияи ҳуқуқӣ дониста, дар ин маврид роҳбарияти вилоят нисбат ба шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" низ изҳори норозигӣ байён кардааст. Ӯ  изҳор дошт, ки “дар ҳолатҳои душвор аз онҳо қариб даракеро намеебад”.

Ҳамзамон дар натиҷагирии фаъолияти милитсия кори сусти шуъбачаҳои минтақавӣ, мавқеъгирии заифи онҳо, тарсу боварии мардум аз шоҳидӣ додан дар ин ё он вазъият масъалаи дигари доғи рӯз дониста шудааст. 

“Намегӯям, ки ислоҳоти милитсия дар вилоят ғайриқаноатбахш ҳаст, нокифоя аст, вале масъалаҳои доғ дорем – яъне мукаммал кардани сохтори вазорат, таъмин намудан бо кадрҳои шоиста, ба таври шаффоф кор кардан ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба милитсия, дастгирии милитсия аз тарафи ҷомеа ва паст кардани ҷинояткорӣ тавассути фаҳмондадиҳӣ”, – иброз намудааст Ёдгор Файзов раиси ВМКБ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.