Таъсиси Биржаи меҳнати муҳоҷирон дар Тоҷикистон

Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҶДММ “Биржаи меҳнати муҳоҷирон” таъсис дода шуд. “Ҳадаф аз таъсиси ин корхона тавсеъаи амалисозии ҳадафҳои оинномавии Иттифоқҳои касаба аст”, – мегӯяд раиси Иттифоқ Маликшо Неъматзода. Гуфта мешавад, Федератсия дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад. “Ин ба Биржа имкон медиҳад, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҶДММ “Биржаи меҳнати муҳоҷирон” таъсис дода шуд.

“Ҳадаф аз таъсиси ин корхона тавсеъаи амалисозии ҳадафҳои оинномавии Иттифоқҳои касаба аст”, – мегӯяд раиси Иттифоқ Маликшо Неъматзода.

Гуфта мешавад, Федератсия дар ҳамдастӣ бо ташкилотҳои иттифоқи касабаи кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи муҳоҷират ҳамкорӣ мекунад.

“Ин ба Биржа имкон медиҳад, ки бо шарикони хориҷӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва сафарбарсозии муташаккили онҳо ҳамкории муфид ба роҳ монад”, – бар ин назаранд дар Иттифоқҳои касаба.

Директори Биржа Юлдош Эшов таъкид месозад, ки таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар бо кор, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони корӣ аз ҷумлаи ҳадафи аслии таъсиси он ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти гуногун, зиёда аз 1 млн нафар аҳолии коршоями Тоҷикистон асосан дар Русия ва дигар кишварҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 741 млн долларро ташкил дод, ки ба 23%-и ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта бо сабаби баста шудани сарҳадҳо бар асари пандемия ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони Русия қариб ба андозаи 33% кам шуд.

Мувофиқи пешгӯйиҳои Бонки ҷаҳонӣ, давоми солҳои 2021-2022 суръати рушди иқтисоди ҷаҳон ба барқароршавӣ оғоз намуда, дар ин росто, аз афзоиши ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст, ки Тоҷикистон ҳам ба ин саф мансуб аст, интизорӣ меравад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.