Рассоми тоҷик асарҳои худро тариқи онлайн намоиш дод

Имрӯз, соати 10:00 рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов бори аввал дар Тоҷикистон намоиши онлайнии асарҳои тасвиршудаашро дар сомонаи https://dalerart.tj баргузор намуд. Дар ин бора худи рассом ба “Азия-плюс” хабар дод. Мавсуф гуфт, намоиш зери унвони “Роҳи сурх” баргузор гардид ва меҳмонон метавонанд дар ду толори калони виртуалӣ 52 асари муаллифиро бубинанд, ки мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва […]

Мазҳаб Ҷумъа,Asia-Plus

Имрӯз, соати 10:00 рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов бори аввал дар Тоҷикистон намоиши онлайнии асарҳои тасвиршудаашро дар сомонаи https://dalerart.tj баргузор намуд. Дар ин бора худи рассом ба “Азия-плюс” хабар дод.

Мавсуф гуфт, намоиш зери унвони “Роҳи сурх” баргузор гардид ва меҳмонон метавонанд дар ду толори калони виртуалӣ 52 асари муаллифиро бубинанд, ки мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд.

 Миҳтоҷов гуфт, баргузории намоиши асарҳои рассомӣ тариқи интернет аз як тараф осон ва қулай бошад, аз ҷониби дигар аз чунин намоиш натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ҳаводорони санъати тасвирӣ аз кишварҳои гуногун  дастрасӣ пайдо мекунанд.

Далер дар Душанбе дар ду-се сол як маротиба намоиши асарҳои шахсии худро баргузор мекард. Вай мегӯяд, ки ҳар як рассом ба намоишгоҳҳои доимӣ ниёз дорад, то ки на танҳо асарҳои худро ба мардум намоиш диҳанд ва фикру мулоҳизаҳо ҷамъ оваранд, балки инчунин асарҳои худро барои худ бубинанд.

 

– Баъзан дар коргоҳ дигар кори худро намебинед, ба онҳо чунон одат мекунед, ки камбудиҳоро пай намебаред, аммо ҳамин ки наққоширо ба ҷои дигар бурдед, дар зери чароғи дигар овезед ва шумо гӯё ба он аз зовияи дигар нигоҳ мекунед, – шарҳ дод Далер.

Охирин намоишгоҳи рассом соли 2018 баргузор шуда, сипас пандемия оғоз ёфт ва дар ин муддат Далер мехост ду маротиба намоишгоҳ ташкил кунад, аммо ноком шуд. Гузашта аз ин, мегӯяд ӯ, ташкили намоишгоҳ кори хеле гаронарзиш аст.

– Аввалан, шумо бояд расмҳо омода кунед: катон (холст)  гарон, рангҳо – инчунин, чорчӯбаҳо (рама), баъд, шумо бояд ҳуҷрае иҷора гиред, даъватномаҳо оред, фуршет ташкил кунед – ин ҳама маблағи зиёдро талаб мекунад. Гузашта аз ин, пандемия идома дорад ва баргузории намоишгоҳи зинда хатарнок аст, -мегӯяд Далер.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.