Дар роҳҳои Душанбе ҳаракати нақлиёт 4 рӯз маҳдуд карда мешавад

Давоми чор рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон. Дар эълони нашршудаи Раёсат зикр мегардад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст. “Бинобар ин ҳаракати воситаҳои […]

Asia-Plus

Давоми чор рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Дар эълони нашршудаи Раёсат зикр мегардад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст.

“Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ – А.Дониш маҳдуд карда мешавад”, – навишта шудааст дар эълон.

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

“Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд”, – илова шудааст дар эълони Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Муфассалтар дар бораи вақти баста шудаи роҳҳо иловагӣ хабар медиҳем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.