Эмомалӣ Раҳмон: “Аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз 1 ҳазораш комилан об шудааст”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе, 2 ноябр дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд дар мавриди масъалаҳои об ва иқлим ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ кард. Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ изҳор дошт, ки об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро  тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе, 2 ноябр дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд дар мавриди масъалаҳои об ва иқлим ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ изҳор дошт, ки об ва иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро  тағйирёбии иқлим таъсири худро ба ҳаёти мо ва иқтисодиёт асосан тавассути захираҳои об мерасонад.

“Пиряхҳои мо босуръат об шуда истодаанд. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз як ҳазораш комилан об шудааст”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи президент, тайи чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

“Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, қаблан мо пешниҳод кардем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси  “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад, – хотиррасон кард ӯ. – Ман пештар ҳамчунин ҷиҳати зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  ибрози назар карда будам”.

Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистон ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш мебарад ва умед дорад, ки онҳо аз ҷониби Эътилофи обу иқлим низ пуштибонӣ хоҳанд ёфт.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон соли оянда ният дорад, ки дар доираи Раванди оби Душанбе дар ҳамкорӣ бо СММ ва кишварҳои шарик Конфронси навбатии байналмилалиро оид ба даҳсолаи об баргузор намояд, ки дар он ин навбат низ масъалаҳои мубрами вобастагии захираҳои об ва иқлим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

“Конфронси Душанбе занҷираи марказии раванди омодагӣ ба  Конфронси СММ  оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об дар соли 2023 хоҳад гардид, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд”, – таъкид дошт ӯ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳоло дар минтақа талабот ба нерӯи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

"Даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Зимистонҳои мо бештар сарду тӯлонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Илова бар ин, даври гидрологӣ низ  тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли нерӯи барқ ва  танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд”, – зикр кард сарвари давлати Тоҷикистон.

Вазъияти тобистони соли гузаштаро ӯ мисол овард, ки Тоҷикистон маҷбур шуд, содироти нерӯи барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан қатъ намояд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд.

“Зимистони бармаҳал, сард ва тӯлонии соли равон моро бо мушкилоти нав рӯ ба рӯ сохт. Бар замми ин, соли ҷорӣ хушксолии шадид дар баъзе кишварҳои минтақа боиси талаф ёфтани зироатҳои кишоварзӣ ва саршумори зиёди чорво гардид”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ният дорад талошҳои худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фаъолияти бештар ва андешидани чораҳои таъхирнопазир дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он идома диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.