“Халилзод барои толибону шабакаи Ҳаққонӣ лоббигарӣ мекунад”: идомаи ҷанги Амрулло Солеҳ бо ӯ

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури пешини Афғонистон дар Твиттераш бори дигар ба изҳороти Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон вокуниш нишон дода, аз Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон хостааст, ки "наворҳои гуфтугӯ бо Халилзод ва дигар намояндаҳои хориҷӣ дар робита ба раванди сулҳро" нашр кунад. "Ман аз Ашраф Ғанӣ талаб мекунам, ки сабти […]

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури пешини Афғонистон дар Твиттераш бори дигар ба изҳороти Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои сулҳи Афғонистон вокуниш нишон дода, аз Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон хостааст, ки "наворҳои гуфтугӯ бо Халилзод ва дигар намояндаҳои хориҷӣ дар робита ба раванди сулҳро" нашр кунад.

"Ман аз Ашраф Ғанӣ талаб мекунам, ки сабти овозии гуфтушунидҳоро (хусусан июл ва августро) бо Халилзод ва дигар дипломатҳои хориҷии дахлдор ифшо созад, то тавонем бар зидди таблиғоти бавуҷудомада, ки гӯё ин ҳама айби ҳукумати Афғонистон аст, мубориза барем. Ман медонам, ки ин сабтҳо мавҷуданд ва умед аст, ки шумо онҳоро дар даст доред", – навиштааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ин вокунишҳо ишора ба мусоҳибаҳои ахири  Залмай Халилзод бо DW аст, ки дар он сиёсатмадорони Афғонистонро муттаҳам ба "худхоҳӣ" карда, онҳоро сабабгори аслии шикасти давлати қаблӣ дониста аст.

Дар ин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, ки худро сарпарасти  раёсатҷумҳурӣ эълон карда буд, Халилзодро ба фиребкорӣ  муттаҳам намуда гуфтааст, ки ҳамаи гуфтугӯҳо бо вай махфиёна сабт мешуд:

"Пас аз ошкор шудани фиребкориҳои Халилзод дар раванди сулҳ, тасмим гирифта шуд, ки гуфтугӯҳои ҳузурӣ ва телефонии марбут ба сулҳ бо ӯ ва дигар ҳайатҳои хориҷӣ ба сурати сиррӣ сабт шавад. Ва ин кор ба таври муназзам сурат мегирифт",- афзудааст Амруллоҳ Солеҳ.

Ӯ дар як паёми дигар дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст "дар ҳоле ки афғонҳо дар маърази фоҷеа ва шиканҷаи бузург қарор доранд, Халилзодро мебинем, ки бо лабханд барои Толибон ва террористони шабакаи Ҳаққонӣ, лоббигарӣ мекунад".

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи расҷумҳури фирории Афғонистон афзудааст, ки Залмай Халилзод "ба адабиёт ва ривоёти даҳаи 90 худ бозгаштааст, замоне ки аз як ширкати бузурги нефт ҳуқуқ мегирифт. Ӯ замимаҳои махфиёнаи тавофуқи Давҳаро то охир аз мо пинҳон кард. Чаро ӯ хушҳол аст?"

Ёдовар мешавем, ки Залмай Халилзод ду ҳафта пеш аз мақоми намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон канор рафта, дар чанде аз мусоҳибаҳояш сиёсатмадорони Афғонистонро сабабгори аслии шикасти давлати қаблӣ донистааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.