Бо мошини боркаш 156 кило маводи мухаддирро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон бурданӣ шуданд

Дар гузаргоҳи марзии “Ойбек” байни сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон миқдори зиёди маводи нашъаовари ҳашиш, афюн ва героин ошкор шуд. Тавре нашрияи nuz.uz бо истинод ба Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кормандони Раёсати гумруки вилояти Тошканд нисбати автомашинаи боркаш (фура), ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон 21 тонна ангурро ба Русия мебурдааст, гумону шубҳа пайдо шудааст. […]

Asia-Plus

Дар гузаргоҳи марзии “Ойбек” байни сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон миқдори зиёди маводи нашъаовари ҳашиш, афюн ва героин ошкор шуд.

Тавре нашрияи nuz.uz бо истинод ба Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар кормандони Раёсати гумруки вилояти Тошканд нисбати автомашинаи боркаш (фура), ки бо транзит тариқи Ӯзбекистон 21 тонна ангурро ба Русия мебурдааст, гумону шубҳа пайдо шудааст.

Гуфта мешавад, мошини боркашро ба постгоҳи гумрукии “Янгиюл бурда, ангуррро аз он мефароранд ва қабати дуюми фарши бордонро мекушоянд.

“Дар он ҷо 141 зарфи полиэтилении дорои ҳудуди 156 кило маводи нашъаовари ҳашиш (149,75 кг), афюн (4,44 кг) ва героин (1,52 кг) дарёфт шуд”, – хабар додааст хадамоти гумрук.

Зикр мегардад, ки автомашинаи боркаши арзишаш 1 млрд 80 млн сӯм (170 ҳазор доллар) ва 20,8 тонна ангур барои нигаҳдории муваққатӣ мусодира шудааст. Аз рӯи ин далел мақомоти гумрук парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.