Раиси ВАК-и тоҷик таҳқиқоти “Диссернет”-ро фармоишӣ номид: “кори дасти худи тоҷикон аст”

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад. "Диссернет", ки фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимон бахшида шудааст, бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК- и Тоҷикистон натиҷаи таҳқиқоти пойгоҳи “Диссернет” – ро фармоишӣ номида гуфт, ин кори дасти худи тоҷикон аст ва барои он маблағи калон сарф мешавад.

"Диссернет", ки фаъолияташ ба ифшои асардуздии (сирқати илм) олимон бахшида шудааст, бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз вазирон то мушовирони раисҷумҳуру сафирони давлат низ ҳастанд.

Роҳбари ВАК-и тоҷик дирӯз, 16 феврал дар нишасти матбуотӣ эътироф кард, ки бештар аз 60 кори илмии олимони тоҷик дар “Диссернет” нашр шудааст ва аз рӯи таҳлили ӯ, қариб 30 нафаршон дар самти иқтисодӣ аст.

Номбурда гуфт, ки азбаски пойгоҳ ҷамъиятӣ аст, дар кори ин пойгоҳ дар баъзан ҳолатҳо бӯйи ниқоргирӣ ва фармоишӣ эҳсос мешавад.

– Аз будаш зиёд ҳангома ҳам мекунанд. Ман фикр мекунам, ки кори ин пойгоҳ чандон тоза ҳам нест. Вақте ки нигоҳ мекунед, ба мушоҳида мерасад, ки ин кори дасти худи тоҷикон аст. Вале ман факт надорам. Аммо ҳаст, ки аз ҳамин ҷойҳо фармоиш мешавад. Ин кор пули калон талаб мекунад. Яъне фармоишӣ буданаш эҳсос мешавад, -гуфт Розиқзода.

Фармоишӣ унвон кардани натиҷаи таҳқиқотии илмии пойгоҳи “Диссернет” аз ҷониби КОА Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2021 амри президент дар бораи баъди иҷозаи раисиҷумҳур ба таҳқиқи илмӣ сару кор гирифтани мансабдорон ва хидматчиёни давлатии Тоҷикистон имзо шуд.

Масъалаи асардуздии мансабдорон дар яке аз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни тоҷик низ дар соли 2020 мавриди танқид қарор гирифатва ӯ ҳатто гуфт, ки "ҳар касе кори илмӣ мехоҳад, ҷавоб медиҳем, рафта кори илмӣ кунад".

Ин амри президент дар ҳолест, ки дар 3-4 соли ахир пойгоҳи таҳқиқии "Диссернет" бештар аз 60 олими тоҷикро дар асардӯздӣ ва рӯйбардору нусхабардории корҳои илмияшон муттаҳам кард, ки дар миёни онҳо мансабдорони баландмақоми давлат, аз ҷумла Давлаталӣ Саидзодаву Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовинони вақти сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло сафири кишвар дар Русия, Асадулло Раҳмон мушовири Эмомалӣ Раҳмон дар умури кадр ва бархе вазирону ректорони донишгоҳҳо ва чанде дигар аз мансабдорони радаҳои поёнӣ низ буданд.

Пойгоҳи "Диссернет" як пойгоҳи мустақили таҳқиқотии интернетиест, ки мавридҳои асардуздӣ дар рисолаҳоеро, ки дар КОА-и Русия дифоъ шудаанд месанҷад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.