spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пулиси Душанбе: “қаҳрамонҳо”-и навори “занакҷанг”-ро маълум кард

Пулиси Душанбе шахсияти чанд занеро, ки дар як навори видеоӣ ба ҳам дарафтода буданду дар нимашабе дар яке аз хиёбонҳо ҷанг мекарданд, маълум кардааст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ забт шуда дар шабакаҳо сару садоҳоро ба бор оварда буд. 

РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки  корҳои ҷустуҷӯйии онҳо маълум кардааст, ки ҳодисаи мазкур дар назди тарабхонаи «Самира» воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сар задааст. Пулиси Душанбе ин ҳодисаро ҷинояти авбошӣ номида гуфтааст, ки "ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ шаҳрвандони зерин дастгир шудаанд":

Қарахонова Зарина Файзиддиновнаи 24-сола сокини шаҳри Душанбе,  Фирӯзаи Маҳмадмусои 22-сола ва Тағойбекова Тожиниссо Намозовнаи 24-сола сокинони ноҳияи Рӯдакӣ.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба навиштаи РАВКД Душанбе "зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон санаи 25-уми декабри соли 2020 тахминан соати 02:00 дақиқа ҳангоми дар маҳаллаи Гипрозем қарор доштанашон аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, шаҳрванд Шукронаи Азизулло санаи таваллудаш 09.08.2000, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи А. Деҳотиро мавриди латукуб қарор додаанд".

Бино ба иттилои дарёфтӣ нисбат ба ин сенафари боздоштшуда бар асоси моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Пулис дар ин навиштааш аз бетаваҷҷуҳии мардум роҳгузар ҳангоми сар задани ҳодисаи мазкур изҳори нигаронӣ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...